23 майи соли 2023 Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти гузаронидашудаи худро «Тоҷикистон: Савдои фаромарзӣ дар андозаи гендерӣ»-ро муаррифӣ намуд. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Озан Севимли, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ва намояндаи масъули Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Томонори Хасегава бо сухани ифтитоҳӣ суханронӣ намуданд.
Дар рафти тадқиқоти гузаронидашуда мусоҳибаҳо бо беш аз 400 ширкати савдои фаромарзӣ ва 31 брокери гумрукӣ гузаронида шуданд. Дар муаррифӣ ҳисобот бозёфтҳо ва тавсияҳои калидӣ вобаста ба савдои фаромарзӣ пешниҳод гардиданд. Инчунин, дар ҳисобот монеаҳои муайяне қайд шудаанд, ки соҳибкорон дар соҳаи савдои фаромарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дучор мешаванд.
Вобаста аз ин, зарур мебошад, ки дар оянда бо мақсади беҳтар қонеъ гардонидани ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тадбирҳо таҳия карда шаванд, оқилона бошанд ва ҷанбаҳои гендериро ба назар гиранд. Дар робита ба ин, Хадамоти гумрук бо Бонки Ҷаҳонӣ дар самти татбиқи масъалаҳои гендерӣ ҳамкории фаъолона дорад.