Дар Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия таҳти роҳбарии сардори раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо ва Улдис Микутс, мудири якуми Департаменти муносибатҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия баргузор шуд.
Зимни машваратҳои сиёсӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, нақлиёт, амнияти минтақавӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби ИА ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо омодагӣ ва рағбати хешро баҳри густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳама соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак иброз намуданд.