Дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ботсвана баргузор гардид.
Баёнияи муштаракро намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ботсвана Лемоганг Квапе имзо карданд.
Барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ботсвана ба инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад намуд.