Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо муовини Президент ва раиси Созмони барнома ва буҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Довуд Манзур, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, дидору гутугӯ кард. Дар ин бора радиои » Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати молия хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, минҷумла оид ба масъалаҳои бонкдорӣ, ҷалби ширкатҳои эронӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар намуданд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо баён доштанд.