
Имрӯз дар Боғи Куруши Кабири пойтахт намоиш -фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Файзобод баргузор гардид, ки дар он анвои мухталифи кишоварзӣ пешкаши сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Тахмина Амониён хабар медиҳад. Дар намоиш маҳсулоти кишоварзии арзон ва дастрас ба сокинони пойтахт, аз он ҷумла, помидор ,бодиринг,гӯшт ва дигар маводи ниёзи аввал аз Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ин ноҳия пешкаш гардид.
Мавриди зикр аст, ки аз 9 то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.
Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.
Боғи Куруши Кабир
@ Овози тоҷик