Дар 6 моҳи соли 2023 дар саноати хуроквори барои афзоиши иқтидори истехсолӣ ва ҳаҷми истехсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ 112 корхонаи саноати бо 642 ҷои корӣ сохта ба истифода дода шудааст,ки маблағи 45,1 миллион сомонӣ ва ё 0,9 %и маҷмуи маҳсулоти саноатӣ ва хурокворӣ ба корхонаҳои навтаъсис рост меояд, иброз дошт дар нишасти хабари вазири саноат ва технологияхои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир.
Нимсолаи якуми соли 2023 азимтарин корхонаҳои бунёдгардида, ба монанди корхонаҳои «Ганҷи Сомон» ва «Мурғи бебаҳо» -и шаҳри Гулистон, корхонаи «Анқо-Инвест»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, коргоҳҳои истехсоли хушкмева ва маҳсулоти қаннодӣ, корхонаи «Оби Ховалинг» -и ноҳияи Ховалинг мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида, мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ устувор гардида, содироти он ба хориҷи кишвар, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин ба давлатҳои Амрико ва Аврупо мунтазам афзоиш ёфта истодааст.
Тахмина Амониён.