Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок намуд. Дар ин бора Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи Шуро, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Вячеслав Володин баргузор гардид, раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.
Дар назди иштирокчиёни ҷаласаи Шуро аз рӯи масъалаи рӯзнома Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода сухан гуфт. Иброз гардид, ки баргузории ҷаласаи имрӯза далели равшани ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СААД мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон мебошад.
Маҳмадтоир Зокирзода Ҷумҳурии Беларусро ба муносибати раёсати бомуваффақияташ дар соли равон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро бо қабули раёсати Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соли оянда (2024) табрик намуда, изҳор дошт, ки Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Ассамблеяи парлумонии СААД аҳамияти хосса медиҳад. Имрӯз мо метавонем сатҳи баланди ҳамкории Тоҷикистонро бо давлатҳои аъзои Ассамблеяи парлумонӣ бо қаноатмандӣ иброз намоем.