Дар соли 2024 Тоҷикистон 12 адад ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳрестӣ умумибашарӣ пешниҳод менамояд. Дар ин бора Мирзошариф Абдусаломов ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИССЕСКО ба радиои “Овози тоҷик” хабар дод.Соли 2023 барои кормандони соҳаи фарҳанг соли пур аз дастовардҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки дар паёми Пешвои миллат бисёр хуб таъкид гардид. Зикр карда шуд, ки дар соли 2023 15 адад ёдгориҳои, фарҳанги моддӣ ва ғайри моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил карда шуд. “Мутахассисони соҳаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихӣ — фраҳангӣ ва кор бо Юнеско дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим доранд дар соли 2024 низ як қатор мероси фарҳанги чӣ моддӣ ва чи ғайримоддиро ба феҳрести ба феҳристи фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил намояд” илова намуд Мирзошариф Абдусаломов .
Номбурда зикр намуд, ки дар ин сол дар назар аст, ки номинатсияи «Хутали қадим»-ро дар шакли силсилаҷоиза пешниҳод намоем, ки ин ёдгориҳо шомили «Қалъаи Ҳулбук», «Шаҳристони Ҳулбук», «Манзартеппа», «Қасри шоҳони Хутал» дар ноҳияи Восеъ, ёдгории «Золи Зар», мақбараи «Мавлоно Тоҷиддин» ва ёдгории «Золи Зар» дар ноҳияи Данғара, ёдгориҳои «Шаҳртеппа», «Корвонсарой», «Золи Зар» ва «Корвонсарой» дар ноҳияи Фархор, ёдгориҳои «Хишттеппа» дар ноҳияи Ховалинг, ёдгории «Шоҳи Хомӯш» дар ноҳияи Мӯъминобод, ёдгории «Аҷинатеппа» дар ноҳияи Вахш ва ёдгории «Ҳаловард» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.