Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо вазири тандурустии ин кишвар доктор Аҳмад ал-Авазӣ мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла роҳандозии ҳамкорӣ байни муассисаҳои давлатии тиббии ду кишвар, табодули сафари ҳайатҳои мутахассисони соҳа ва дигар самтҳои соҳа баррасӣ гардиданд.