Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Гурбанов Ахмет мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамсуҳбатон ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.