Тибқи иттилои Вазорати шуғли аҳолӣ ва меҳнати Ҷумҳурии Корея 29 декабри 2023, дар ҷаласаи Кумитаи сиёсати хориҷии меҳнатӣ, Тоҷикистон ҳамчун кишвари 17-уми низоми иҷозат барои шуғл (Employment Permit System) интихоб шуд.
Дар баёнияи Вазорат дар ин хусус омадааст, ки Тоҷикистон дорои қобилиятҳои муносиби интиқоли қувваи корӣ аз лиҳози шаффофият ва ошкорбаёнӣ арзёбӣ гардида, барои интиқол, зербинои интиқол, аз қабили санҷишҳои пеш сафарбар намудан, омӯзиш, интихоб ва чораҳои пешгирандаи будубоши ғайриқонунӣ, заминаи лозима фароҳам овардааст.
Зимни муроҷиати бисёре аз корҷӯён радиои “Овози тоҷик” бо Сафири Тоҷикистон дар Корея Киром Салоҳиддин Амриддинзода мусоҳиба анҷом дод.
Зимни мусоҳиба сафир зикр намуд, ки фиристодани қувваи меҳнатӣ аз Тоҷикистон аз соли 2025, пас аз баимзорасонии Ёддошти тафоҳум дар бораи низоми иҷозаи байниҳукуматии шуғл ва ифтитоҳи маркази маҳаллии EPS дар кишварамон, ба роҳ монда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз 16 кишвар – Филиппин, Муғулистон, Шри Ланка, Ветнам, Тайланд, Индонезия, Узбекистон, Покистон, Камбоҷа, Хитой, Бангладеш, Кирғизистон, Тимори Шарқӣ, Непал, Мянмар ва Лаос шомили низоми EPS мебошанд.