Россия ба Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ як адад нақлиёти сайёр тақдим намуд. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик дар ин маҷмаа дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ройгон ташхиси бемориҳои сироятӣ, ташхиси ултрасадо, ЭКГ ва дигар машваратҳои тиббӣ гузаронида мешаванд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Росссия дар Тоҷикистон хабар дод.
Маросими супоридани дармонгоҳи сайёр 12 декабр баргузор шуда, дар он сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров, намояндагони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО иштирок намуданд.
Вобаста ба фаъолияти дармонгоҳҳои сайёри Россия зикр шуд, ки аз хидматҳои онҳо дар ҷумҳурӣ зиёда аз 600 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон истифода карда истодаанд.
Бояд гуфт, ки Федератсияи Россия яке аз кишварҳое мебошад, ки дар самти мубориза бар зидди бемории ВНМО бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории хуб дорад. Дар ин самт Барномаи кумаки техникии Федератсияи Россия ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи мубориза бо ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ аз соли 2013 дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.