Яке аз самтҳои муҳими муаррифӣ намудани давлат дар арсаи байналмилалӣ ин иштироки варзишгарони касбӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад. Дар соли 2023 Тоҷикистон мизбони 15 чемпионат ва мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, аз қабили мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Наврӯзи байналмилалӣ — 2023» бо иштироки 105 нафар аз 26 давлати ҷаҳон, мусобиқаи бокси касбӣ бо иштироки 7 варзишгар дар 7 вазн аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Марҳилаи аввали чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот бо иштироки 80 нафар аз 10 кишвари ҷаҳон ва ғайра буд, ки барои иштирок дар онҳо 1827 — нафар варзишгарон аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб гардиданд, — иброз намуд, Зулфиқор Гулаҳмадзода раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ. Ба зикри номбурда, дар давоми соли 2023 аз ҷониби Кумита 1186 нафар варзишгар ба 112 мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар аз намуди олимпӣ ва ғайриолимпии аз ҷониби Шурои олимпии Осиё эътирофшуда 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ва аз намуди дигари ғайриолимпӣ 358 медал ворид шуд, ки аз ин 95 тилло, 112 нуқра ва 151 биринҷӣ ворид намуданд. Маврид ба зикр аст, ки 701 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгаронамон баланд бардошта шуда, 203 маротиба суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст.
@ Дилноза Сатториён