
Бо мақсади густариши раванди расмикунонии иқтисодӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ, айни замон дар Палатаи ҳисоб барномаи электронии аудити мустақил таҳия гардидааст, ки аз модулҳои системаи идоракунии аудит, нигаҳдории маълумот ва портал иборат мебошад. Ин нуктаро Чилазода Қарахон—раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Бинобар гузориши хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Зулфия Олимбекзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод масъулин зикр намуданд, ки Палатаи ҳисоб дар асоси созишнома бо мақомотҳои олии аудити давлатии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Молдова, Беларус, Латвия,Ҳиндустон, Эрон, Покистон,Афғонистон,Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Бино ба иттилои Чилазода Қарахон дар доираи ҳамкорӣ бо Ташкилоти рушди ИНТОСАЙ, ки Палатаи ҳисоб ба гурӯҳи ташаббуси ҷаҳонии ҳисобдиҳии мақоми олии аудит шомил гардидааст, барои давраи солҳои 2023‐2025 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.