Дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии таҳти унвони «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди уствувор, солҳои 2018- 2028” ва 20-солагии таъсисёбии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир хоҳад шуд. Санаи баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд 5 – 6-уми октябри соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар кори конфронс иштироки олимону коршиносони соҳаҳои захираҳои об, иншооти гидротехникӣ, гидрометеорология, гидроэнергетика, экология, бехатарии ҳаёт ва ҳолатҳои фавқулода, инчунин аспирантҳо, докторантҳо (PhD) ва магистрҳо дар назар аст.
Дар он масъалаҳои Истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим;
Муносибатҳои муосири ҳифзи захираҳои об аз ифлосшавӣ ва технологияҳои тозакунии оби нущокӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи об ва таъмини ҳадафҳои рушди устувор, рушди гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, иншооти гидротехникӣ ва бехатарии онҳо, истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва масъалаҳои марбут ба об, масъалаҳои экологӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, ҳодисаҳои хатарноки табиӣ ва идоракунии хатари офатҳои марбут ба об, таҷдиди таърихии ташаккули ландшафтҳо ва иқлими Осиёи Марказӣ бо мақсади дурнамо ва рушди устувор баррасӣ мешаванд.
Ҳадафи асосии конференсия мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти бехатарии обӣ, таъмини рушди устувор дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, ҳифз ва истифодаи объектҳои обӣ ва гидроэнергетикаву манбаъҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия тавассути тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, дониш ва таҷриба маҳсуб меёбад.
Кори конфронс бо ҳабонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Интизор меравад, ки ҳамоиш дар шаклҳои ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайн) доир шавад.