
Соли гузашта Арабистони Саудӣ барои идомаи бунёди НБО Роғун 100 млн доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуд, ки ин нишонаи таваҷҷӯҳи кишварҳои арабӣ ба бахши сармоягузорӣ ба Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти хабарӣ иброз дошт. Вазир ҳамчунин зикр намуд, ки
«Вазорат ҷиҳати амалишавии чунин иқдоми муҳим дар татбиқи ин лоиҳаи барои кишварамон тақдирсоз кушишҳои зиёде ба харҷ дод. Дар соли сипаришуда Созишномаи қарзи байни Ҳукумати Ҷумҳурии
Точикистон ва Фонди саудӣ оид ба рушд доир ба марҳилаи 5-уми лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳои миёна» ба имзо расид, ки марҳилаи татбиқ 5 сол ва арзиши умумии он 20 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонд пардохт мегардад.