
Таъкид гардид, ки иҷрои супоришҳои дар Паёми Роҳбари давлат 28-уми декабри соли 2023 ва маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат 24-уми январи соли 2024 додашуда ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани гурӯҳҳои корӣ барои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ таъмин гардида, оид ба натиҷаҳои кор ҳар семоҳа ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод карда шавад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал вазифадор шуданд, ки барои васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо ва кабудизоркунии саросари кишвар ва ба ин васила то соли 2037 ба кишвари воқеан сабз мубаддал гардонидани Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ба масъулини Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал дастур дода шуд, ки доир ба амалисозии барномаи кабудизоркунӣ, зиёд намудани хоҷагиҳои ниҳолпарвар ва дар тамоми кишвар шинонидани то ду миллиард бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Дар робита ба таҷлили шоиста аз Наврӯзи байналмилалӣ, ки яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллӣ ба шумор меравад, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор шуданд, ки ба тозагиву озодагӣ, ободу сабзкории шаҳру ноҳияҳои мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳамчунин, барои захираи кофии маводи озуқа дар ҳар як оилаи мамлакат, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, иҷрои дурнамои кишти зироатҳо ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз тамоюлҳои имрӯзаи иқтисоди ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки мо бояд тамоми захираву имкониятҳои худро самаранок истифода карда, амнияти озуқавории кишварро таъмин намоем, зеро тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо соли 2024 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи таъминот бо маводи ғизоӣ нисбат ба солҳои гузашта мураккабу вазнин мегардад.
Бо дарназардошти чунин шароит барои ҷиддан беҳтар кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи талаботи қонунгузории танзими расму ойинҳо ва маросиму маъракаҳо, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ намудани зиёдаравию исрофкорӣ дар назди тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва зиёиёну фаъолон вазифаҳои қатъӣ гузошта шуданд.
Дар фароварди баррасии ин мавзӯъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, “ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир барои ҳимояи истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва ободии Ватани азизамон омода бошем”.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳо дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгири ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026, таъсис додани Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.