
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ — назариявӣ дар мавзӯъи Артиши милли сипари боэътимоди Ватан доир гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Фарзона Сафарова хабар медиҳад.Дар конфронси мазкур намояндагон аз Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарони кафедраи ҳарбии Донишгоҳи милии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Сухани ифтитоҳиро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикстон профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин бо иқтибос аз суханони Асосгузори Сулҳу ваҳдатӣ миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро оғоз намуданд. Бояд гуфт, ки дар конфроси мазкур маърӯзаҳо аз тарафи омӯзгорону меҳмонон дар бораи Артиши миллӣ шунида шуд.