Ба гузориши радиои «Овози тоҷик “ ба нақл аз «Мероси Ориё”, Алии Доробӣ, муъовини вазири мероси фарҳангӣ, дар “Шаби мероси фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон”, ки шоми гузашта, дар Маҷмааи таърихии Ниёварон баргузор шуд, зимни истиқбол аз Давлат Сафарзода, муовини вазири Фарҳанги Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳон ва Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Ман аз ҳама созмондиҳандагон ва ширкаткунандагони шаби мероси фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон, ба хусус ҳамкорони мо дар Маркази мероси ғайримоддии Теҳрон ва Сафорати Тоҷикистон дар Эрон қадрдонӣ кунам.
Вай афзуд: Умедворам баргузории чунин нишастҳо ва ёдбудҳо дар таҳкими ҳамдилӣ, ваҳдат, густариши сулҳу дӯстӣ ва ҳифзи забони форсӣ, ҳифзи се рукни муштараки Эрон ва Тоҷикистон, дар баробари тамаддуну фарҳанги мо як қадами муҳим бошад.
Доробӣ даргузашти хунёкор ва овозхони маъруфи тоҷик «Давлатманд Холов», ки дар Эрон маҳбубияти зиёде дошт, изҳори таслият кард ва гуфт: Ҷойи ӯ бисёр холист. Вай мебоист имшаб баромад мекард. Раҳмату Худо бар ӯ бод.
Муовини вазири мероси фарҳангӣ қайд кард: Тоҷикистонро кишвари кӯҳу сангҳо меноманд. Аммо одамони он хеле меҳрубон ва гарму самимӣ мебошанд. Бархе Тоҷикистонро осорхонаи кушоди зери осмони нилгун номидаанд, ки пур аз осори бостонӣ аст. Бархе дигар Тоҷикистонро сарзамини рангоранг ва қавмият номидаанд ва ин ҳама дуруст аст, аммо Тоҷикистон як бахше аз Эрон аст. Адиби бузурги Эрон, профессор Сайидмуҳаммадалӣ Ҷамолзода бар ин назар аст, ки Эрон ва Тоҷикистон “хешу табор” ҳастанд. Бисёре аз адибон истилоҳи «Тоҷикистон, порае аз Эрон»-ро зикр кардаанд.
Вай гуфт: Тоҷикистон ва Эрон робитаҳои амиқи таърихӣ доранд. Сарчашмаи «забони порсии дарӣ», ки ҷойи забони паҳлавӣ дар Эронро гирифт, аз Хуросони бузург ва Фаррӯд ё Тоҷикистон будааст. Нахустин шоирони форсизабон, чун «Рӯдакӣ», ки устоди шоирони асри 4-и ҳиҷрии қамарӣ дар замони Сомониён буданд, аз ҳамин сарзамини Тоҷикистони имрӯза мебошанд. Рӯдакӣ падари шеъри форсӣ аст.
Вай афзуд: Аз ин сарзамин бузургон ва афроди маъруфе чун ҳаким ва олими бузург Абӯалӣ Сино баромадаанд. Эрон ва Тоҷикистон дӯст, бародар, решаҳои муштарак ва ҳамватан ҳастанд. Балху Бухоро, Душанбе, Хуҷанд, Кулоб, Сарбанд ва ғайра шаҳрҳое ҳастанд, ки мардуми эрон бо онҳо ошно ва дӯст мебошанд.
Даробӣ дар бораи пойтахтҳои бузурги Эрону Тоҷикистон низ гуфтааст: Суханро “ба номи Худо, умр ва ҳикмат” аз баёни офаринандаи бузурги Шоҳнома Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ оғоз кардам. Ҳарчанд «Шоҳнома»-ро як нафар бо номи Фирдавсӣ навишта бошад ҳам, ба назар мерасад, ки ҳама бо ӯ буданд. Фирдавсй бо таълифи «Шохнома» барои Эрон, ислом ва забони форсй хизмати доимй кардааст.
Вай таъкид кард: Забони форсӣ забони модарии мост. Забони модарии Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон, Ироқ ва форсӣ забони модарии бисёре аз гӯяндагони тамоми гӯшаву канори ҷаҳон аст. Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки бархе аз қудратҳо дар ҷустуҷӯи ҳукмронии чанд забони мушаххас дар ҷаҳон ҳастанд, ки як навъ миллатгароии Ғарб аст, чун назарияшиноси маъруфи амрикоӣ Сэмюэл Ҳантингтон онро нодуруст ва густариши онро ҳамчун як хатаре барои забонӣ модарӣ медонад.
Доробӣ тавзеҳ дод: Вазифаи ҳамаи мо ҳифзи забони форсӣ аст, ки онро «шакари порсӣ» хондаанд. Маҳз бо забони модарӣ мо метавонем эҳсосу андешаҳои худро беҳтар, амиқтар ва равшантар баён кунем ва аз ҳуқуқи озодӣ бархурдор шавем.