Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тахмина Амониён хабар медиҳад . Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҳамоишро ифтитоҳи намуда, роҷеъ ба рушди соҳаи сайеҳӣ дар кишвар суханронӣ кард.
Инчунин муовини якуми раиси Шӯро, раиси Кумитаи рушди сайеҳӣ Камолиддин Муминзод суханрони карда, роҷеъ ба фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ба иштирокдорон маълумот дод.
Зикр гардид, ки тбқи нишондоди таҳлилҳо дар соли 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 121 кишвари ҷаҳон сайёҳони хориҷӣ ташриф оварда, Тоҷикистон ба зумраи панҷгонаи беҳтарин давлатҳо шомил гардид.
Тоҷикистон дар соли 2023 бо кишварҳои гуногун ба монанди Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ баста, боз 4 созишномаи дигар дар назар аст, гуфт муовини якуми раиси Шӯро- раиси Кумитаи рушди саеҳӣ Камолиддин Муминзод.
Ҳамчунин иштирокдорони ҳамоиш доир ба рушди соҳа маъруза намуданд.