Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт, ки зимни ифтитоҳи хатсайри нахустин дар масири Ал-Кувайт – Душанбе – Ал-Кувайт ба Тоҷикистон омаданд, бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода мулоқот намуданд. Дар он меҳмонон таассуроташонро аз мавзеъҳои сайёҳии мамлакат ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ рангину хотирмон баён доштанд. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Омӯзиш ва тарғиби зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Кувайт аз ҳадафҳои асосии сафари ҳайати мазкур мебошад.
Зимни мулоқот намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барномаҳо ва хатсайрҳои ҷолиби худро барои ба роҳ мондани ҳамкории бештар муаррифӣ намуданд.
Тоҷиддин Ҷӯразода иброз намуд, ки Кумита бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо Кувайт дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани барномаҳои тарғиботӣ, ҳамоишу конфронсҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Кувайт тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Зикр гардид, ки бо мақсади муаррифии зарфияти сайёҳии мамлакат аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ пайваста барои намояндагони воситаҳои ахбори омма ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии кишварҳои хориҷӣ пресстурҳо ва инфотурҳо ташкил карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 29 декабри соли 2022 дар масири Ал – Кувайт – Душанбе – Ал – Кувайт нахустин парвоз анҷом дод шуд. Хатсайри нави ҳавоӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Давлати Кувайт ба роҳ монда шуд.