
17 марти соли ҷорӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад. Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки мусобиқаи мазкур соати 15:00 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт доир мегардад.
Ҳамчунин тибқи яке аз бандҳои ин қарор барои гузаронидани чорабинии мазкур бояд 279 750 сомонӣ ҷудо гардад.
Ёдовар мешавем, қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе, аз 14 марти соли 2024 таҳти №137 ба имзо расид.