
Имсол ҷашни байналмилалии Наврӯз фардо 20-уми март соати 08:06 фаро мерасад. Дар ин бора ба радиои «Овози тоҷик» дар Пажуҳишгоҳи астрофизикаи АМИТ хабар доданд.
Мавриди зикр аст, ки 23 март дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд. Наврӯзии ноҳияҳои пойтахт 23 март дар боғҳо ва «Карнавали наврӯзӣ» нимаи дуюми рӯзи 24 март дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.