
Санаи 19 уми марти ҷорӣ дар муассисаҳои раками 94, 65 ва 60-и деҳкадаи Синаи ноҳияи Дехнави вилояти Сурхандарё чорабинии фархангӣ бахшида ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” дар вилояти Сурхондарё Абуҳомид Муҳаммад хабар медиҳад. Дар ин ҷашни оламафрӯз хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба меҳмонону иштирокдорон таронаву шеьрҳои гуногун дар васфи Наврӯз арза доштанд. Ҳамчунин варзиҳгарон мусобиқаҳои бандкашӣ, сангбардорӣ ва ороишӣ, парандаву хурусҷангу дигар навъи бозиҳоро манзури сокинон намуданд. Қисмати бадеии ҷашнӣ бо оғози кишти гандум якҷоя бо Бобои дехқон огоз шуда, таронахои наврӯзӣ бо Маликаи Наврӯз баргузор гардида, хотирмон буд.
Ҳамзамон хони наврӯзиро дар ин ҷашн хурокхои анъанавии наврӯзӣ, ба монанди суманак ва дигар анвоъи таъому хурданиҳои «Ҳафисину ҳафтшин» оро медоданд.
Баргузории чунин ҷашнҳо дар миинтақаҳои дигари вилоят идома дорад.