Имрӯз, 20 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» ҷараён дорад. Фестивалро Одилзода Дилбар Раҳим муовини раиси шаҳри Душанбе оғоз бахшида, Мансурӣ Дилрабо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Табарзода Ҷамшед Афзал муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, Камолиддин Муминзод раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Дар кори Фестивал намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонони хориҷӣ, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносону муҳаққиқон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва васоити ахбори омма иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал аз ду қисмат иборат буда, қисмати дуюм бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллӣ дар «Боғи Ирам»-и пойтахт гузаронида мешавад.