Барои саҳми назаррас дар таҳкими дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олими шинохтаи тоҷик, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиевро ба ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардонд.
Садрӣ Саъдиев бо ин мукофоти давлатии Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар таҳкими дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Узбекистон қадрдонӣ карда шуд.