Ба Далер Назаров, овозхон ва оҳангсози шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ супурда шуд. Ин ҷоизаро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода ба ин сарояндаи номдор расонд.
Тибқи қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар дар соли 2024, гурӯҳи офарандагони филми ҳунарии “Роҳ” дар бахши театр ва синамо бо ҷоиза сарфароз шуданд ва исми Далер Назаров барои офаридани оҳанги филм дар феҳристи ҷоизагирон буд.
Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — ҷоизаи олии ҷумҳуриявист, ки барои комёбиҳои намоён дар соҳаҳои адабиёт, ҳунар ва меъморӣ эҳдо мешавад.