Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин гуфтааст, гурӯҳи тайвании «Anonymous 64» корбаронро дар қитъаи Чин, Ҳонконг ва Макао ҳадаф қарор додааст.
Ҳакерҳо мехостанд назорати порталҳои интернетӣ ва экранҳои электронии беруниро ба даст оваранд то маводҳои беобрӯкунандаи Чинро нашр созанд.
Ба гуфтаи мақомот, ҳадафи аслии ҳамлаҳо дастгоҳҳои интернетӣ, экранҳои электронии беруна, телевизионҳои онлайнӣ, порталҳои расона ва муассисаҳои таълимӣ буданд.