11 ноябри соли 2026 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода бо намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон Оливер Штолпе мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва UNODC, аз қабили мубориза бо таҳдидҳои фаромарзӣ, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва ҷинояткории муташаккилро, аз он ҷумла дар доираи Шабакаи занонаи GLO.ACT муҳокима карданд.
Масоили марбут ба таҳияи барномаҳои ҷадиди UNODC дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.



