Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Маҳалли баргузории чорабинӣ Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар конфронс намояндагони ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар, корпуси дипломатӣ, муассисаҳои давлатӣ, доираҳои илмӣ ва соҳибкорон иштирок карданд.
Иштирокдорони конфронс таърихи ташаккул ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин, натиҷаҳои бадастомадаи ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои густариши минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки дар тӯли даҳсолаҳои охир ҳамкориҳои ду кишвар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, тиҷорат, маориф, илм ва фарҳангро фаро гирифтаанд.
Яке аз рӯйдодҳои меҳварии конфронс муаррифии китоби профессори Академия, собиқ дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов таҳти унвони «Хомӯшии ду бузургҷусса. Дафтари чинии дипломати тоҷик» буд.
Китоби мазкур имсол бо забонҳои русӣ ва чинӣ ба нашр расида, ба таърих, фарҳанг ва хусусиятҳои рушди Чин бахшида шудааст. Ба гуфтаи иштирокдорони конфронс, чунин асарҳои илмӣ ва публитсистӣ барои ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо мусоидат мекунанд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни чорабинӣ ба дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва густариши робитаҳои илмӣ ва таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ҷамъбасти конфронс иштирокдорон аҳамияти таҳкими минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстонаи Тоҷикистону Чинро таъкид карданд.
Фаридун Мукимӣ, «Овози тоҷик»



