ТГЭМ сохтмони ду қитъаи роҳҳои автомобилгардро дар шаҳри Душанбе — аз кӯчаи М. Шерализода то кӯчаи Карин Манн ва аз кӯчаи Н. Ганҷавӣ то кӯчаи Ҳ. Назаров идома медиҳад. Лоиҳа бунёди пулҳо, роҳгузари сатҳаш гуногун, деворҳои такягоҳӣ ва шабакаҳои муҳандисиро пешбинӣ менамояд.
Дар қитъаи аз кӯчаи М. Шерализода то кӯчаи Карин Манн такягоҳҳои оҳану бетонии иншооти пулӣ, деворҳои такягоҳӣ ва иншооти обгузар бунёд гардидаанд. Айни замон корҳои омодасозии асоси роҳ дар қитъаи тақрибан 1,9 км, инчунин сохтмони хати муваққатии роҳи оҳан идома доранд.
Дар қитъаи аз кӯчаи Н. Ганҷавӣ то кӯчаи Ҳ. Назаров сохтмони роҳи автомобилгарди панҷхатта, пули нав аз болои дарёи Душанбе бо дарозии зиёда аз 130 метр ва роҳгузари сатҳаш гуногун пешбинӣ шудааст. Дар айни замон корҳои бунёди таҳкурсии такягоҳҳои пул, сохтмони деворҳои такягоҳӣ, омодасозии роҳ ва гузаронидани шабакаҳои муҳандисӣ идома доранд.
Инфрасохтори нави роҳу нақлиёт робитаҳои иловагии нақлиётиро байни қисматҳои марказӣ ва ҷанубии шаҳри Душанбе таъмин намуда, ба тақсимоти самараноки ҷараёни нақлиёт ва коҳиш додани сарбории ҳаракат дар хиёбони Саъдии Шерозӣ мусоидат мекунад. Лоиҳа инчунин бунёди роҳҳои баромад ва пайвастшавӣ ба шабакаи мавҷудаи роҳҳои шаҳрро дар бар мегирад.



