11 ноябри соли 2026 дар доираи ташрифи ҳайати расмии Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея ба шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок дар Форуми II байналмилалии зиддикоррупсионӣ таҳти унвони «20 соли фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия: дастовардҳо ва дурнамо», маросими табодули Нақша чорабиниҳо оид ба татбиқи «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза ба коррупсия барои солҳои 2027 — 2028» сурат гирифт.
Табодули санадҳои қаблан баимзорасида дар шароити тантанавӣ аз ҷониби Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Султонзода Сулаймон Саид ва Директори генералии Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея — Ким Нам Ду амалӣ карда шуд.
Санади мазкур ҳамчун маҳаки муҳими тақвиятбахш барои густариши ҳамкориҳои байналмилалии дуҷониба арзёбӣ гардида, ба таҳкими бештари робитаҳо ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи муқовимат ба коррупсия такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Зимнан, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тибқи Нақшаи муайяншуда ҳамкориро дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, табодули иттилоот ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадами соҳавӣ пайваста ва самаранок идома диҳанд.
Маркази матбуоти Агентӣ



