Субҳон Шодиев, ки қаблан дар вазифаи муовини директори генералии лига кор мекард, директори генералии нави Лигаи футболи Тоҷикистон таъйин шуд.
Субҳон Шодиев дар мувофиқа бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон директори генералии ЛФТ таъйин шуд. Роҳбари қаблии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, ки дар Конгресси охири ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон ноиби президенти ФФТ интихоб шуд, акнун кори ЛФТ-ро назорат хоҳад кард.