Қуръапартоии марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи анъанавии пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 дар минтақаи Душанбе баргузор гардид. Ин бозиҳо дар се минтақа – Душанбе, Хатлон ва Суғд роҳандозӣ мегарданд.
Дар минтақаи Душанбе аз лигаи олӣ дастаҳои «Истиқлол», КМВА, «Ҳосилот», «Регар-ТадАЗ», «Барқчӣ», «Ҳулбук», аз лигаи якум – «Шодмон», «Сардор», «Ёқут», «Душанбе» ва «Рангон» иштирок хоҳанд кард.
Дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук», ки аз минтақаи Хатлон ҳастанд, дархост намуданд, ки дар минтақаи Душанбе бозӣ кунанд, чун қароргоҳ ва машқҳои дастаҳо дар Душанбе ҷараён доранд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 роҳхат меёбанд.
Дар натиҷаи қуръапартоӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ба таври зайл тақсим шуданд:
Гурӯҳи «А»: КМВА, «Регар-ТадАЗ», «Ёқут», «Душанбе», «Рангон», «Шодмон».
Гурӯҳи «Б»: «Барқчӣ», «Истиқлол», «Сардор», «Ҳулбук», «Ҳосилот».
Бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ дар минтақаи Душанбе рӯзи 20-уми январ оғоз ёфта, ҳамаи рақобатҳо дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд