
Намоишгоҳи байналмилалии унверсалии Точикистон-2023 оғоз шуд. Дар он беш аз 60 ширкати молистеҳсолкунанда ва хизматрасонии ватанӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Малайзия, Русия, Узбекистон, Эрон, Ҳиндустон ва Туркия иштирок доранд. Дар ин бора мухбири радиои “Овози тоҷик” Малвина Хушқадамова хабар дод.
Иштирокчиён молу маҳсулоти худро дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, фармасевтика ва ороиши гигиенӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли чароғаки роҳнамо ва ғайра пешкаши харидорону меҳмонон намуданд.
Намоишгоҳ то 7 май идома мекунад. Макони баргузории он шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» мебошад. Ташкилкунандагони намоишгоҳ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳмкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд. Мақсади он муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияи нав, ҷалб намудани шарикони рушд, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.
Боиси зикр аст, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии унверсалии «Тоҷикистон-2023» пагоҳ, 5 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Малайзия, Эрон ва дигар кишварҳои иштирокчӣ доир мешавад. Дар он иштирокчиён масъалаҳои тиҷоратию сармоягузориро матраҳ хоҳанд кард.