15 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони ширкати «GAZ Group»-и Федератсияи Россияро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаи саноат маълумот дода, қайд кард, ки дар бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, бунёди корхонаҳои гуногун идома дорад. Таъкид гардид, ки соҳибкорони рус бо вазъи корхонаҳои саноатии вилоят метавонанд шинос гардида, барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак саҳми арзандаи худро гузоранд.
Максим Бондаренко, намояндаи ширкат вобаста ба мошинҳои дар «GAZ Group» истеҳсолшаванда маълумот дод. Зикр шуд, ки дар ин корхонаи азими саноатӣ нақлиёти мусофиркашони авотобусу микроавтобусҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва дигар нақлиёти хизматӣ истеҳсол карда мешавад. Намояндагони ширкат бо ҷараёни истеҳсолот дар якчанд корхонаҳои вилояти Суғд шинос шуда, бо истифода аз имкониятҳо барои таҳкими ҳамкорӣ омодаанд.
Ҳамзамон, намояндагони ширкати «GAZ Group» аз корхонаҳои «Тоҷфилиз» ва «Хуҷанд-ЗИЛ» боздид намуда, бо ҳамтоёни тоҷики худ мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 8-12 феврал намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Нижегороди Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дода, бо соҳибкорону ширкатҳои истеҳсолии ин вилоят созишномаҳои ҳамкорӣ имзо намуда буданд. Бо гузашти чанд рӯз аз имзои созишномаҳои ҳамкорӣ намояндагони ширкати «GAZ Group» ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи соҳаи саноат ва имкониятҳо барои тавсеаи ҳамкориҳо ба вилояти Суғд омаданд.