
Дар соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ тибқи маълумоти оморӣ 7309,5 миллион доларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тавре ки Саидмурод Камолов, сармутахасиси Раёсати маҳсулоти саноатии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Абдуфаттоҳи Абдурауф хабар дод, дар ин давра, аз дохили ҷумҳурӣ ба маблаѓи 2142,0 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ содирот гардидааст.
Содироти маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби фурӯши сангу филизоти қиматбаҳо, маъдану консентратҳо, алюминийи аввалия, нахи пахта, қувваи барқ, семент, риштаи пахтагӣ, сурма ташкил намуд.
Бино ба иттилои номбурда, таҳлили вазъи истеҳсол ва содироти ангишт ба хориҷи кишвар нишон дод, ки дар ин давра ба маблағи 9,9 миллион доллар ё ин, ки 373,9 ҳазор тонна ангишт содирот гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 миллион доллар ё 16 маротиба (340,1 ҳазор тонна) афзоиш ёфтааст.
Инчунин, дар моҳҳои январ-декабри соли 2022 содироти алюминийи аввалия зиёд гардида, 152,9 млн доллар ё 56,5 ҳазор тоннаро ташкил мекунад.