
Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон дар соли 2024 табодули академиро ҳузурӣ ва маҷозӣ бо Донишгоҳи Кадизи Испания, Донишгоҳи Кемёнги Кореяи Ҷанубӣ, Донишгоҳи давлатии Технологияи саноатӣ ва дизайни Санкт- Петербурги Федератсияи Россия, Донишгоҳи Кастамонуи Туркия Донишгоҳи Тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисод дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой ва чандин донишгоҳҳои маъруфи кишварҳои дигар ба роҳ мондааст. Ҳамчунон як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷ таҳия ва барои ба имзо расонидан ба муассисаҳои беруна ирсол намудааст. Дар умум аз моҳи Январи соли 2024 то инҷониб донишгоҳ 9 созишномаи ҳамкориро бо муассисаҳои олии хориҷ ба имзо расонидааст.
Айни ҳол дар донишгоҳ 19 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки аз кишварҳои Ӯзбакистону Афғонистон мебошанд.