
Соли 2024 ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ ба 2 млрд. 478,3 млн. кВт. соат ё 906,8 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 203,8 млн кВт. соат ё 7,8% камтар будааст. Ин нуктаро имрӯз Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд. Нерӯи барқ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд. 530,4 млн. кВт. соат ба маблағи 705,2 млн. сомонӣ, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 943, 9 млн.кВт. соат ба маблағи 201,2 млн. сомонӣ, ба Ҷумҳурии Қирғизистон 4 млн. кВт. соат ба маблағи 428, 7 ҳазор сомонӣ содир карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ истихроҷи нафт 16 136,9 тонна ва гази табиӣ бошад 362,4 ҳазор метри мукаабро ташкил додааст. Дар ин давра воридоти гази табиӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 млн. метри ффййташкил додааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 21,4% зиёд мебошад.
Дар соли 2024 аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз давлатҳои хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. 541, 3 ҳазор тонна ворид гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2023 128,8 ҳазор тонна ё 9,1 % зиёд мебошад.