
Варзишкорони тоҷик аз Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж- 2024 3 медали биринҷиро ба хазинаи варзишии кишвар ворид намуданд, ки ин дар таърихи соҳибистиқлоли Тоҷикистон бори аввал буд. Нахустин маротиба дар таърих варзишии кишвар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон доир гардид, ки дар он зиёда 800 нафар меҳмонону варзишкорон аз 63 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Ҳамчунин бори аввал дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар риштаи волейбол барои гирифтани роҳхат ҷиҳати иштирок дар Чемпионати осиёро пайдо намуданд.
Қобили зикр аст, ки муштзанони навраси тоҷик бори нахуст дар Чемпионати осиё иштирок карда, 11 медал, аз ҷумла 4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварданд. Муштзанони бомаҳорати тоҷик дар Чемпионати осиё оид ба бокс байни калонсолон иштирок карда, ба хазинаи варзишии кишвар 5 медал, аз ҷумла 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷиро ворид сохтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар кишвар мусобиқаи бонуфӯзи байналмилалии «Гранд- Слам Душанбе- 2024 бо иштироки 446 нафар варзишгар аз 65 давлатии Ҷаҳон баргузор гардид, ки варзишкоронамон бо ба даст овардани 7 медал, аз ҷумла 1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ дар зинаи панҷуми кишварҳои иштирокчӣ қарор гирифтанд.