
Олимони тоҷик тухмии нави гандумеро бо номи «Тобистона» ихтироъ карданд, ки дар як сол ду ҳосил медиҳад.
Ин навъ дар натиҷаи таҳқиқоти чандинсола дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи милии илмҳои Тоҷикистон ба даст омада, ба иқлим мутобиқ аст. Ба гуфтаи доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев, ин гандум на танҳо тезпаз аст, балки ҳосилнокии баланд низ дорад. Дар заминҳои обёришавандаи водии Ҳисор аз як гектар то 9 тонна ғалла гирифта шудааст.
Муаллифи дигари навоварӣ Бахтовар Сатторов мегӯяд, кишт ҳам дар фасли тирамоҳ ва ҳам тобистон анҷом дода шудааст. Айни замон тухмии «Тобистона» марҳилаи сертификатсияро мегузарад ва дар оянда барои ҳамаи кишоварзон дастрас хоҳад шуд.