
Соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 4,3 миллион тонна семент тавлид шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 104 ҳазор тонна камтар аст. Коҳиш ба тағйирёбии тақозои беруна, бахусус Узбекистон вобаста аст.
Бино ба маълумоти Вазорати саноати Тоҷикистон, содироти семент ба Узбекистон дар соли 2024 дар муқоиса бо 342 ҳазор тонна дар як соли пеш 260,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ҳаҷми умумии содироти семент 30,4 фоиз кам шуда, 655 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Яке аз омилҳое, ки ба интиқол таъсир расонидааст, тағйири қоидаҳои гумрукӣ дар Ӯзбекистон унвон мешавад. Бинобар ин, истеҳсолкунандагони сементи тоҷик стратегияи худро ба шароити нави бозор мутобиқ мекунанд.