
Дирӯз, 4 март дар назди бинои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи модарон намоиш ва фурӯши китобҳо баргузор гардид.
Дар ин намоишгоҳ ноширони зертобеи Вазорати фарҳанг китобҳои тозанашри худро ба теъдоди беш аз 10 ҳазор нусха ва 100 номгӯ ба намоиш гузоштаанд.
Ба иттилои масъулини Вазорати фарҳанг, китобҳо дар ин намоишгоҳ бо 15-20 дарсад тахфиф фурӯхта шуданд.
Китобҳо дар ин намоишгоҳ барои ҳамаи синну сол пешбинӣ шуда ва осори мухталифи адибони классик, муосир, бачагони ва ҷаҳонӣ пешниҳоди дӯстдорони китоб гардид.