
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии “Фалак” оғоз ёфт. Дар ин ҳамоиши илмӣ ва фарҳангӣ намояндагони кишварҳои мухталиф, олимон, муҳаққиқон ва ҳунармандони маъруф ширкат доранд.
Дар ҷараёни симпозиум масъалаҳои рушди санъати фалак, нақши он дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва густариши фарҳанги маънавии тоҷику форс мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози чорабинӣ Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён ва дигар олимону муҳаққиқони ин соҳа ширкат ва суханронӣ намуданд.
Симпозиуми байналмилалии “Фалак” яке аз чорабиниҳои муҳиме ба шумор меравад, ки бо ҳадафи таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба мероси миллии мусиқии тоҷикон роҳандозӣ шудааст.