
Аз 8 то 10 июли соли ҷорӣ, шаҳри Душанбе мизбони нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ хоҳад буд. Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ, намояндагони ҳукуматҳо, ширкатҳои саноатӣ, созмонҳои молиявӣ ва истеҳсолгарони таҷҳизоти нассоҷӣ ва зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, форум бо ташаббуси вазорат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Мақсад — муаррифии имкониятҳои саноати нассоҷии кишвар, ҷалби сармоягузорӣ ва воридсозии технологияҳои пешрафта мебошад. Барномаи форум маҷлисҳои пленарӣ, муҳокимаҳои соҳавӣ, намоишгоҳҳо ва вохӯриҳои В2В ва G2В-ро фаро мегирад.
Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 500 корхонаи нассоҷӣ фаъолият дошта, дар онҳо тақрибан 18 ҳазор нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд. Созмони кластерҳои пурраи истеҳсолӣ — аз пахтакорӣ то маҳсулоти ниҳоӣ — аз ҳадафҳои асосии ин соҳа маҳсуб мешавад. Ин форум метавонад мавқеи Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонии саноати сабук тақвият бахшад ва ба тавсеаи ҳамкориҳои стратегӣ дар ин бахш замина гузорад.