
Бонки Авруосиёии Рушд (БАОР) дар гузориши макроиқтисодии худ пешгӯӣ кардааст, ки дар соли 2025 суръати рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 8,4% мерасад. Ба арзёбии мутахассисони бонк, ин нишондиҳанда аз ҳисоби талаботи баланди дохилӣ, афзоиши сармоягузорӣ ба бахшҳои калидӣ ва нархҳои устувори маҳсулоти содиротии кишвар, махсусан тилло, таъмин хоҳад шуд.
БАОР қайд намудааст, ки тамоюли рушд дар солҳои минбаъда низ нигоҳ дошта мешавад — дар соли 2026 рушди ММД то 8,0% ва дар соли 2027 то 7,1% пешбинӣ мегардад. Коршиносон бар ин назаранд, ки иқтисоди Тоҷикистон шакли устувор касб кардааст ва сатҳи рушди он нисбат ба миёнаи минтақаи Авруосиё баландтар боқӣ мемонад.
Дар гузориш инчунин зикр шудааст, ки устувории сиёсати макроиқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва афзоиши иқтидори истеъмолии аҳолӣ ба таҳкими ин тамоюл мусоидат мекунанд. Бо ин ҳама, таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки хатарҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла тағйирот дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва коҳиши воридоти маблағ аз хориҷ, бояд дар назар дошта шаванд.