3 июли соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масоили мубрами муносибатҳои дуҷонибаи дарозмуддатро баррасӣ карда, дар мавриди рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.