
2 июли соли 2025 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо вазири саноат ва технологияҳои Ҷумҳурии Туркия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, Меҳмет Фатиҳ Каҷир, мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро, бахусус дар бахшҳои тиҷорат ва саноат баррасӣ карданд. Аз ҷумла, масъалаи баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими бештари муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуданд.