
Ҳалокат ва маҷруҳ шудани шумораи зиёди мардум дар пайи заминларзаи шадид дар минтақаҳои шарқи Афғонистон боиси андӯҳи амиқи мардуми Тоҷикистон гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози тасаллият ба мардуми Афғонистони ҳамсоя ва бародар, ба ҳамаи наздикону пайвандони қурбониён сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои комилро хоҳон аст.