
Президенти ИМА Доналд Трамп пешниҳоди атрофиёни худро оид ба созишномаи тиҷоратӣ бо Деҳлӣ рад намуда, бар коҳиши хариди нафти Русия аз ҷониби Ҳиндустон пойфишорӣ кардааст, менависад рӯзи чоршанбе The Washington Post бо истинод ба манбаъҳо.
«Ба гуфтаи ду манбаъ, Трамп аз бастани созишномаи тиҷоратӣ бо Ҳиндустон худдорӣ кард, то даме ки ин кишвар ба коҳиши хариди нафти Русия розӣ нашавад.», — менависад The Washington Post.
Дар ҳамин ҳол, манбаи дигар таъкид кардааст, ки нуқтаи асосии ҳуҷҷат пешниҳоди ҷониби ҳиндӣ оид ба коҳиши назарраси боҷҳо барои молҳои амрикоӣ будааст.
Лоиҳаи созишнома, ба навиштаи рӯзнома, бо иштироки вазири корҳои хориҷии ИМА Марко Рубио ва намояндаи савдои ИМА Ҷеймисон Грир, ки бо ҷониби ҳиндӣ дар тамос буданд, таҳия шудааст.
Чин ва Ҳиндустон бузургтарин харидорони нафти Русия ба шумор мераванд. Моҳи гузашта Вашингтон барои воридоти маҳсулоти ҳиндӣ ба ИМА боҷи иловагии 25% ҷорӣ кард, ки бо идомаи хариди нафти Русия аз ҷониби Ҳиндустон вобаста аст. Ба ин тартиб, молҳои Ҳиндустон аз 27 август дар ИМА бо боҷи умумии 50% андозбандӣ мешаванд, агар боҷи 25%-и қаблан ҷорӣ гардидаро, ки дар доираи бозбинии созишномаҳои тиҷоратии ИМА бо кишварҳои ҷаҳон татбиқ шуда буд, низ ба ҳисоб гирем.